ИСЛОҲОТИ СУДИ ДАР КИШВАР ТАТБИҚ МЕШАВАД?

Январь 22, 2009 15:59

                 Душанбе, 22 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ дар маҳалҳо, мутахассисони Суди Олии иқтисодии мамлакат дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Файзобод, Данғара, Норак, Темурмалик ва Панҷ сӯҳбату машваратҳо баргузор карданд.                  Дар машваратҳо мутахассисони Суди олии иқтисодии мамлакат атрофи масъалаҳои риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, хусусигардонии амволи давлатӣ, роҳҳои ҷилавгирӣ аз муфлисшавӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ табодули назар карданд.                  Ба андешаи Раиси Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ Амирхоҷа Ғоибназаров, ташкили чунин мулоқоту машваратҳо ҷиҳати такмили ҷаҳонбинии соҳибкорон ва аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ нақши муассир гузошта, қадами устуворест дар роҳи татбиқи ислоҳоти судӣ дар кишвар.  

Январь 22, 2009 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд