ИСРОИЛ ПЕШНИҲОДИ РУСИЯРО РАД НАМУД

Январь 7, 2009 11:05

Тел- авив, 7 январ. (АМИТ «Ховар» — РИА  Новости).- Вазири корҳои хориҷии Исроил Сипи Ливни пешниҳоди Русияро дар бораи миёнаравии ӯ дар байни ин мамлакат ва ҷунбиши «Хамос» дар масъалаи оташбас дар воҳаи Ғаззаҳ рад намуд. С. Ливни чанд рӯз пеш дар Байтулмуқаддас бо намояндаи махсуси Президенти Русия дар Шарқи Наздик, муовини вазири корҳои хориҷӣ Александр Салтанов мулоқот кард. Вазири корҳои хориҷии Исроил таъкид намуд, ки ҳадафи амалиёти ҳарбӣ задани зарба ба ҷунбиши «Хамос» мебошад. Мо намегузорем, ки  «Хамос» худсарона рафтор карда, ҳаёти сокинони мамлакати моро зери хатар гузорад. Мо дар ин масъала бо «Хамос» машварат карданӣ нестем, гуфт вай.           Тавре хабар дода шуда буд, амалиёти ҳарбии Исроил дар воҳаи Ғаззаҳ 10 рӯз боз давом дорад ва дар натиҷаи он садҳо нафар сокинони маҳаллӣ ҳалок шуданд. Сипи Ливни афзуд, ки Исроил дар  гузаронидани амалиёт ба кӯмаки мамлакатҳои дигар эҳтиёҷ надорад. Вазифаи мо бо ҳар роҳу восита таъмин кардани амнияти  шаҳрвандони мамлакат мебошад,  изҳор дошт ӯ.

Январь 7, 2009 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст