ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОНИ ШИРИ ЗАҲРОЛУД БА ҚАТЛ РАСОНДА ШУДАНД

Январь 22, 2009 16:09

                    Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Додгоҳи Чин ду нафарро ба қатл маҳкум кард, ки дар истеҳсоли шири заҳролуд даст доштаанд. Инчунин, мудири кулл ва раҳбари фермаи ширро ба ҳабси абадӣ маҳкум намуда, интизор меравад, ҳукми додгоҳ дар бораи 21 нафари дигаре, ки ба тавлид ва фурӯши шири омехта бо модаи кимиёии меламин айбдор шудаанд, эълон гардад.                    Лозим ба зикр аст, ки ин ҳодиса соли гузашта сабаби мусодираи маҳсулоти ширии Чин дар сартосари ҷаҳон гашта, аз истеъмоли ин шир шаш кӯдак ҳалок ва наздик ба 300 ҳазор тан бемор шудаанд.                  Ин ҳодиса дар асоси хулосаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ки моҳи октябри соли 2008 интишор гардид, маълум шуд, ки ҳангоми баровардани чунин маҳсулот, бархе аз истеҳсолкунандагони чиноӣ аз маводи ба саломатии инсон зараровари «меламин» истифода мекардаанд. Дар натиҷаи истеъмоли чунин маҳсулот дар сартосари ҷаҳон даҳҳо ҳодисаҳои заҳролудшавӣ ва фавти кӯдакон ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти СҶБ, меламин ҳамчунин дар таркиби шоколадҳо, аз ҷумла «Нестле», «Кит-кет», «Марс» ва «Сникерс»-и истеҳсоли Чин кашф шудааст.                   Хушбахтона, бино ба иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷӯмҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2008 аз сӯи мақомоти гумруки ҷумҳурӣ ягон далели ворид шудани шири хушк ва маҳсулоти ширӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.                    Ёдовар мешавем, ки вобаста ба ин проблема Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ ҷиҳати манъ кардани воридоти шири хушк ва маҳсулоти ширӣ аз Чин ба Тоҷикистон фармон содир карда буд.  

Январь 22, 2009 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид