ИЗҲОРОТИ САФОРАТХОНАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

Январь 30, 2009 09:50

               Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 29 январ дар рӯзномаи «Коммерсант» — и Русия мақолаи Александр Реутов «Нерӯгоҳи барқии Роғун ба ҷои истеҳсоли барқ вазъиятро муташанниҷ мегардонад» чоп шуд. Муаллифи мақола ба қавли манбаи номаълум дар сафоратхонаи Тоҷикистон истинод намуда, менависад, ки сафири Тоҷикистон дар Маскав Абдулмаҷид Достиев бегоҳии рӯзи сешанбе ба Вазорати корҳои хориҷии Русия даъват карда шуд. Намояндагони ВКХ — и Русия бо сафири Тоҷикистон «сӯҳбати тӯлонӣ» анҷом доданд. Дар ҷараёни сӯҳбат гӯё сафири Тоҷикистонро огоҳ карда бошанд, ки шарҳи суханони роҳбарони аввали давлати хориҷӣ ба салоҳияти намояндагиҳои дипломатӣ дохил намешавад. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар робита изҳор менамояд, ки мақолаи рӯзномаи «Коммерсант» дурӯғи маҳз буда, ягон асоси воқеӣ надорад.               Аз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Абдулмаҷид Достиев бо Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳамеша дар тамос буда, бо он самарабахш ҳамкорӣ мекунад ва дар тадбирҳои ВКХ — и Русия ширкат меварзад. Бояд гуфт, ки А.Достиевро ҳеҷ кас ба Вазорати корҳои хориҷии Русия даъват накардааст ва вобаста ба масъалаи дар рӯзнома инъикос гардида касе бо ӯ сӯҳбат накардааст. Сафорати Тоҷикистон аз он изҳори ҳайрат ва таассуф менамояд, ки чунин нашрияи мӯътабари Русия маълумоти бардурӯғ ва беасосро чоп карда, муносибатҳои мӯътадили Тоҷикистону Русияро муташанниҷ сохтан мехоҳад.              Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия изҳори умед мекунад, ки идораи рӯзномаи «Коммерсант» изҳороти намояндагии дипломатии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, дар саҳифаҳои худ раддияи дахлдор чоп хоҳад кард.  

Январь 30, 2009 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа