ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Январь 5, 2009 17:17

           Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).-Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз авзои бӯҳронии навори Ғазза изҳори нигаронӣ мекунад.           Тавре ба АМИТ «Ховар» аз раёсати итилоти вазорати мазкур хабар доданд, ки шиддат гирифтани даргириҳои мусаллаҳона дар навори Ғазза боиси кушта шудани садҳо ва маҷрӯҳ гардидани ҳазорон нафар аҳолии осоишта, аз ҷумла, кӯдакон ва занон шудааст. Ғазза, ки дар ҳолати муҳосира қарор дошт, бар асари даргириҳо метавонад ба фалокати гуманитарӣ дучор шавад.           Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкиди ақида мекунад, ки мавзӯи Ғазза, низои арабу Исроил ва умуман бӯҳрони Ховари Миёна ҳалли низомӣ наметавонад дошта бошад.           Аз ин дидгоҳ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама тарафҳои даргир даъват ба амал меоварад, ки фавран ва бе ҳеҷ қайду шарт оташбас эълон кунанд ва раванди музокиротро аз сар гиранд.          Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷдиди пуштибонӣ аз талошҳои миёнҷигарии кишварҳо ва созмонҳо, ки ба ҳалли мусолиматомези масъалаи Ғазза равона шудаанд, изҳори боварӣ менамояд, ки иродаи ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳҳои ғайримусолматомези ҳалли ихтилофҳо ва низоъҳоро метавонад истисно кунад.  

Январь 5, 2009 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид