КӢ БА ЭРОН МЕРАВАД ?
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Аз 23 то 31 январи соли равон дар Эрон ҷашнвораи байналхалқии театрии «Фаҷр» баргузор мегардад. Соли гузашта аз Тоҷикистон театрҳои русии драмавии ба номи Маяковский ва ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов барои иштирок дар ин ҷашнвора ариза пешниҳод карда буданд. Вале маълум шуд, ки ҳар ду театр дар ҷашнвораи мазкур асари саҳнавии «Рустам ва Сӯҳроб» — ро намоиш додан мехоҳанд, ки онро коргардон С.Усмонов ба саҳна гузоштааст. Гап дар он аст, ки С.Усмонов аввал дар театри Маяковский кор мекард ва баъд ба театри ҷавонон гузашт. Ӯ намоишномаи «Рустам ва СУҳроб» — ро аввал дар театри русии ба номи В.Маяковский ба саҳна гузошта, баъд таҳияи онро дар театри ҷавонон давом дод. Ба ҷашнвора сабти навори асари саҳнавӣ фиристода шуд, ки онро ҳунарпешагони театри русии ба номи Маяковский ба саҳна гузоштаанд. Бояд гуфт, ки намоишномаи мазкур дар театри ҷавонон ба саҳна гузошта нашудааст. Намоиши асари саҳнавиро дар Теҳрон маъқул дониста, пешниҳод карда шуд, ки он ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шавад. Маъмурияти театри ҷавонон даъво дорад, ки намоишнома дар театри Маяковский ба забони русӣ ба саҳна гузошта шудааст ва мо онро ба забони тоҷикӣ ба ҷашнвора пешниҳод намудем. Муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ М.Достиев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ҷашнвора на театри ҷавонон ва на театри ба номи Маяковский, балки гурӯҳи эҷодии ҷумҳурӣ дар ҳайати ҳунарпешагони ҳар ду театр ширкат меварзад. Вазъият бо он душвор мегардад, ки театри драмавии русии ба номи Маяковский имсол бояд бори дуюм дар ҷашнвораи театрии Русия ба номи Чехов иштирок намояд. Шарти асосии иштирок дар ин ҷашнвора бори аввал намоиш додани асари саҳнавӣ мебошад. Театри ба номи Маяковскийро маҳз бо асари саҳнавии «Рустам ва Сӯҳроб» ба ин ҷашнвора даъват намуданд. Вале баъди ҷашнвораи «Фаҷр» дар Эрон асари саҳнавии «Рустам ва Сӯҳроб» — ро ба ҷашнвораи ба номи А.Чехов пешниҳод кардан имконнопазир мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» медиҳад, ки ҳунарпешагони тоҷик 24 январ ба Эрон сафар мекунанд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






