КӮЛОБ БО ОБИ НӮШОКИИ ТОЗА ТАЪМИН МЕШАВАД
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои мутахассисони Корхонаи фаръий обу ташноб (КФОТ)-и шаҳри Кӯлоб, тибқи лоиҳаи тараққиёти шаҳр ва бо оби тозаи ошомиданӣ таъмн намудани аҳолии шаҳр ва сохтмони 2 обанбор Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби буҷа ба миқдори 1 миллиону 144 ҳазору 808 сомонӣ маблағ ҷудо намуд. Мутобиқи лоиҳаи мазкур, то соли 2010 иловатан ба маблағи қаблан ҷудогардида, боз 1 млн. 340 ҳазор сомонӣ барои сохтмони иншооти обрасонӣ ва нав кардани лӯлаҳои хатти обрасон ҷудо гардид. Акнун тибқи технологияи нав, қубурҳои оҳанӣ бо лӯлаҳои полиэтилинӣ иваз карда мешаванд. Аллакай бо лӯлаҳои полиэтилинӣ як қисми хатти кӯҳнаи оби шаҳр иваз карда шуд. Кор дар қисмати марказию шарқии шаҳр доир ба иваз намудани хатти нави обрасонӣ давом дода мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






