КӮМАКИ ИЛОВАГИИ БОНКИ РУШДИ ОЛМОН

Январь 23, 2009 10:49

               Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Директори Фонди миллии иҷтимоии сармоягузории Тоҷикистон Саидаҳмад Мирзоев дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки фонди мазкур иҷрои барномаҳоро барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат давом медиҳад. Дар ин бобат Бонки рушди Олмон ба фонд кӯмаки зарурӣ мерасонад. Соли 2008 Бонки рушди Олмон барои иҷрои барнома қариб 5,5 миллион евро ва Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз 1 миллион евро ҷудо карданд. Аз ҳисоби ҷамоатҳои маҳаллӣ барои иҷрои барнома 300 ҳазор евро ҷудо карда шуд.               С.Мирзоев хабар дод, ки Бонки рушди Олмон охири соли 2008 барои иҷрои барнома ба таври илова 5,5 миллион евро ҷудо кардааст. Ин маблағ барои амалӣ сохтани барномаи дуюми коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон сарф карда мешавад. Фонди миллии иҷтимоии сармоягузории Тоҷикистон ва Бонки рушди Олмон дар ин бора қарордоди дахлдор имзо карданд, гуфт С.Мирзоев.                                                                                                                                                  Тарҷумон — Қудратов А. 

Январь 23, 2009 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд