КӮМАКИ ИТТИҲОДИ АВРУПО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе 13 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Иттиҳоди Аврупо ва Агентии ҳамкории техникӣ ва рушд дар бораи ҷудо кардани як миллиону 346 ҳазор евро барои афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳтар сохтани тарзу усулҳои худидораи маҳаллӣ дар ноҳияҳои Панҷ ва Конибодом қарордод имзо намуданд. Аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки қарзи мазкур барои бештар сохтани имконияти сохторҳои маҳаллӣ аҳамияти калон дорад. Маблағи қарз дар 90 деҳа ва 11 ҷамоати ноҳияҳои Панҷу Конибодом истифода бурда мешавад. Агентии ҳамкории техникӣ ва рушд бо ин мақсад бо шабакаи машваратию иттилоотӣ, хадамоти омӯзиши таҷрибаи пешқадам, созмони байналхалқии ғайриҳукуматии «Маркази таълимоту таҳқиқот» ва Иттиҳоди созмонҳои молиявии Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






