КАМБУДИҲО БОЯД ИСЛОҲ ШАВАНД

Январь 19, 2009 14:23

Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза маҳмадбекова). — Дар соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2007-ум коҳиш ёфт. Он камбудиҳо дар натиҷаи кори сусти ширкатҳои “Алюминийи Тоҷик”, “Барқи Тоҷик”, Ҷамъияти саҳҳомии “Тоҷиксемент” ва корхонаҳои пахтатозакунӣ ба амал омад.  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат супориш дод, ки сатҳи иҷрои барномаҳои рушди соҳаҳои ҷудогонаи саноат, аз ҷумла истихроҷу коркарди сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо, саноати сабук, коркарди пурраи нахи пахтаро ҳамаҷониба таҳлил намуда, доир ба истеҳсоли маҳсулоти барои содирот таъиншуда чораҳои муассир андешанд.Инчунин, дар ҷаласаи мазкур ба Вазорати энергетика ва саноат супориш дода шуд, ки ҷиҳати рушди саноати масолеҳи сохтмон Барномаи рушди истеҳсоли маводи сохтмонро барои давраи то соли 2015 таҳия карда, то охири нимсолаи аввали соли 2009 ба баррасии Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Январь 19, 2009 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид