КИШТ НИСБАТ БА СОЛИ ГУЗАШТА 16 МАРОТИБА ЗИЁД ШУД

Январь 12, 2009 08:40

           Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, кишоварзони ноҳияи Шаҳринав нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 –  16 маротиба зиёд кишти барвақтии баҳорӣ    гузарониданд. Агар то 1-уми январи соли 2008 дар хоҷагиҳои ҷамъиятии ноҳия ҳамагӣ ба андозаи 1га кишт шуда бошад, ин омил дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 16 маротиба зиёд анҷом дода шудааст. Кишти барвақтии баҳорӣ дар ноҳияи Турсунзода ба андозаи 243 гектар, Ҳисор -167, Варзоб -49 ва ноҳияи Ваҳдат ба 627 гектар расонида шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 122 фоиз зиёд аст.           

Январь 12, 2009 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид