КИТОБДОРИ ПЕШСАФ БОЯД ЧӢ ГУНА БОШАД?
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 27 январ дар Китобхонаи бачагонаи ба номи М. Миршакар семинар-тренинги китобҳои бачагона ва мактабӣ таҳти унвони «Китобдори пешсаф чӣ гуна бояд бошад» баргузор мегардад. Семинари мазкур бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҶТ ва агентии амрикоӣ «USAID» амалӣ мегардад. Дар он мутахассисони соҳаи китобдорӣ иштирок намуда, дар бораи китобҳои бачагона: вазъ ва пешомадҳо, ҳуҷҷату санадҳои меъёрии танзими фаъолияти китобдорӣ, вазъият, фароҳамоварӣ ва ҳифзи захираҳои китобии китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва оид ба ҷаҳони иттилоотӣ аз нигоҳи китобдори пешсаф маърӯза менамоянд. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, семинар 3 рӯз идома хоҳад ёфт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






