«КОМЕТА » БУНЁД МЕКУНАД

Январь 16, 2009 16:34

Хоруғ, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Дар маҳаллаи Шошхоруғи шаҳри Хоруғ сохтмони хонаи чорошёнаи 24 ҳуҷрадор идома дорад. Ҳоло танҳо корҳои андовакунӣ, деворбандии даруни ҳуҷраҳо ва корҳои сантехникӣ монданду халос. Дар 17-соли иқтисоди бозоргонӣ бори нахуст корхонаи хусусӣ сохтмони чунин иншооти муҳимро ба ӯҳда гирифтааст.Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Комета», роҳбараш Қадамшо Чиниев бисёрсоҳа буда, яке аз самтҳои фаъолияташ бинокорӣ мебошад. Соҳибкор Қадамшо Чиниев соли 2007-ум сохтмони ин манзили истиқоматиро оғоз намуд.Аз рӯи гуфти роҳбарияти ширкати «Комета» маблағи умумии сохтмони ин бинои истиқоматӣ 3 миллиону 150 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки як қисми он аллакай аз ҷониби соҳибони ояндаи манзилгоҳ пардохт гардидааст. Тавре, ки худи Қадамшо Чиниев ба мо иттилоъ дод, то ибтидои баҳор корҳои сохтмонӣ мувофиқи меъёрҳои мавҷуда анҷом дода мешаванд. Маркази ҷавононро низ коргарони «Комета» бунёд мекунанд. Тибқи нақша, то тирамоҳи соли 2009 бояд ҳарду иншоот мавриди истифода қарор дода шаванд. 400 нафар коргар бо 3 вақт хӯроки  гарм, хобгоҳ ва шароитҳои дигари корӣ таъминанд. Коргарони ин муассиса бо ҳалолкории хеш дар вилоят маҳбубият доранд, зеро биноҳои бунёдкардаашон дорои  сифати баланд мебошанд.

Январь 16, 2009 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид