КОНФРОНСИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ИМОМИ АЪЗАМ

Январь 5, 2009 16:41

         Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Дар шаҳри Душанбе маҷлиси навбатии Шӯрои ҷамъиятии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Аъзои шӯро натиҷаҳои соли 2008- ро  ҷамъбаст намуда, нақшаи кори худро барои соли 2009 тасдиқ намуданд. Дар он ба  масъалаҳои иқтисодӣ ва пеш аз ҳама  бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар мамлакат ва таъмини истиқлолияти энергетикии он диққати ҷиддӣ дода шуд.       Аъзои шӯро  моҳи январ тағъироту мулоҳизаҳои ба лоиҳаи қонун  «Дар бораи  санадҳои қарз» пешниҳодшударо мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Лоиҳаи қонуни мазкур ба муҳокимаи Маҷлиси намояндагон  пешниҳод карда мешавад. Гурӯҳи кории шӯро айни ҳол  тағйироти пешниҳодшударо ба Низомномаи  Шӯрои ҷамъиятии мамлакат муҳокима менамояд. Низомномаи нави он дар маҷлиси ояндаи Шӯро муҳокима ва тасдиқ карда мешавад.        Тибқи нақша, бо ташаббуси Шӯрои ҷамъиятӣ охири моҳи январ бахшида ба 1310  — солагии  рӯзи таваллуди  Имоми Аъзам конфронси илмӣ гузаронида хоҳад шуд.

Январь 5, 2009 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид