КОРИ ВАЗОРАТ ДАР СОЛИ 2008 НЕК АРЗЁБӢ КАРДА ШУД
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Тибқи «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» барои таҷҳизонидани китобхонаҳо бо технологияи муосири компютерӣ 139848 сомонӣ сарф шуда, ба 16 шаҳру ноҳияҳои мамлакат ирсол карда шуд. Дар ин бора вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ дар нишасти матбуотӣ, ки 23 январ дар ин вазорат баргузор гардид, маълумот дод. Ӯ зикр намуд, ки ҷиҳати амалисозии «Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъат» як қатор муаасисаҳои таълимии тобеи вазорат бо таҷҳизоти компютерӣ таъмин карда шуданд. Дар давраи сипаришуда, бо мақсади густаришу таҳкими робитаҳои байналхалқӣ Созишномаҳои ҳамкории фарҳангӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Алҷазоир ва Украина ба имзо расонида шуд. Лоиҳаи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони мероси фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба тармим ва таъмири ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо мақсади баланд бардоштани тахассус ва маҳорати касбӣ факултаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр дар назди Донишкадаи давлатии санъат таъсис дода шуд ва то ба имрӯз онро 57 нафар шунаванда аз рӯи самти тахассуси фарҳангӣ бо муваффақият хатм карданд. Вазир бо қаноатмандӣ изҳор кард, ки дар соли 2009 вазорати фарҳанг ва аҳли ҳунару санъат бобати бошукӯҳу сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои дар пешистода, аз ҷумла Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбии «Парасту», фестивали байналхалқии театрҳои касбии Осиёи Миёна «Наврӯз», иди «Шашмақом», 1310- солагии бузургдошти Имоми Аъзам, Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Украина, Туркманистон, Арманистон, Рӯзҳои дӯстии Эрону Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳангии Ҳиндустон ва Арманистон дар Тоҷикистон, Фестивал-симпозиуми сеюми байналмиллаии «Фалак» ва ғайра тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ ва донишу таҷрибаи хешро самаранок равона месозанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид






