КУМИТА ЖУРНАЛИСТОНРО ҲАВАСМАНД КАРД

Январь 10, 2009 12:20

          Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 январ фаъолияти кумитаро дар слои 2008 зимни як нишаст  баррасӣ намуд.           Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумита хабар доданд, оид ба дастовардҳо ва пешарвиҳои соҳа раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов маърӯза кард.  М. Неъматов қайд намуд, ки кумита соли 2008-ро бо як қатор дастоварду камбудиҳо ҷамъбаст намуд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда роҳбарият ва сохторҳои он кӯшиш карданд, ки пурсамар кор ва фаъолият намоянд.          Дар кори ҷаласа роҳбарон ва маъсулини бахшҳои зертобеи кумита ҳисобот доданд. Дар хотима барандагони ҷоизаҳои озмуни рӯзноманигорони беҳтарини соҳаи варзиш мукофотонида шуданд. Ҳумчунин як гурӯҳи мураббиён ва варзишгарони беҳтарин бо тӯҳфаҳо сарфароз карда шуданд. Дар кори ҷаласа мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Мирсаидова иштирок кард.  

Январь 10, 2009 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид