ЛАТВИЯ БО ТОҶИКИСТОН ҲАМКОРӢ МЕКУНАД

Январь 28, 2009 10:49

                 Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид дирӯз бо сафири кабири Латвия дар Тоҷикистон Игорс Апокинс мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар муҳокима шуданд. Ш.Саид ба сафир дар бораи самтҳои муҳимтарину афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла, истихроҷи қувваи барқ, маъдан, коркарди маҳсулоти саноат ва ғайра маълумоти муфассал дод.                 Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар Душанбе намоишгоҳи молҳои сохти Латвия ташкил ва мулоқоти тоҷирону соҳибкорони хар ду кишвар гузаронида шавад. Сафири Латвия изҳор намуд, ки мамлакаташ ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун манфиатдор мебошад.                                                                                                                                    Тарҷумон — Қудратов А. 

Январь 28, 2009 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд