ЛОИҲАИ СОЗИШНОМА БАЙНИ ВАЗОРАТҲОИ ТАНДУРУСТИИ ҶТ ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ БА ИМЗО

Январь 15, 2009 10:18

Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Тавре, ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуотии Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд, рузҳои 12-13-уми январи соли ҷори Вазири тандурустии Ҷумхурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов бо директори генералии Беморхонаҳои дар назди  Вазорати кумак ба омодасозӣ ва рушди қувваи кории Арабистони Саудӣ вохурд. Мақсади вохӯрӣ муайян намудани заминаи минбаъдаи ҳамкориҳо бо Вазорати тандурустии ҶТ ва Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ медошад. Дар рафти сафари расмӣ меҳмонон аз муассисаҳои Кумаки Аввалияи Тиббию Санитарии  (КАТС) ш. Душанбе, Беморхонаи ёрии таъҷилӣ, Пажуҳишгоҳи Илмию тадқиқотии Акушери ва гинекологӣ, Донишгоҳи давлатии Тиббии ба номи А.И Сино, ва Маркази бемориҳои дилу раг ва қафаси синаи Вазорати тандурустии ҶТ дидан карданд.Дар оянда гуруҳи коршиносони Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ ба ҶТ ҷиҳати мушаххас намудани чорабиниҳои амали  сафари корӣ анҷом медиҳанд ва дар натиҷа Лоиҳаи Созишнома байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурутсии Арабистони Сауди ба имзо расонида мешавад.    

Январь 15, 2009 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа