ЛОИҲАИ СОЗИШНОМА БАЙНИ ВАЗОРАТҲОИ ТАНДУРУСТИИ ҶТ ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Тавре, ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуотии Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд, рузҳои 12-13-уми январи соли ҷори муовини вазири тандурустии Ҷумхурии Тоҷикистон Азамҷон Мирзоев бо директори генералии Беморхонаҳои дар назди Вазорати кумак ба омодасозӣ ва рушди қувваи кории Арабистони Саудӣ вохурд. Мақсади вохӯрӣ муайян намудани заминаи минбаъдаи ҳамкориҳо бо Вазорати тандурустии ҶТ ва Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ медошад. Дар рафти сафари расмӣ меҳмонон аз муассисаҳои Кумаки Аввалияи Тиббию Санитарии (КАТС) ш. Душанбе, Беморхонаи ёрии таъҷилӣ, Пажуҳишгоҳи Илмию тадқиқотии Акушери ва гинекологӣ, Донишгоҳи давлатии Тиббии ба номи А.И Сино, ва Маркази бемориҳои дилу раг ва қафаси синаи Вазорати тандурустии ҶТ дидан карданд. Дар оянда гуруҳи коршиносони Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ ба ҶТ ҷиҳати мушаххас намудани чорабиниҳои амали сафари корӣ анҷом медиҳанд ва дар натиҷа Лоиҳаи Созишнома байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурутсии Арабистони Сауди ба имзо расонида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид






