М. КАБИРӢ: «БОЯД БОНКИ МИЛЛӢ ДОДАНИ ҚАРЗҲОИ ДАРОЗМУДДАТРО БА РОҲ МОНАД
Душанбе, 15 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Бояд Бонки миллии Тоҷикистон додани қарзҳои дарозмуддатро ба роҳ монад, бахусус қарзҳое, ки ба истеҳсолот равона карда мешаванд». Чунин гуфт ба хабарнигорон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ баъд аз тасдиқи Дурнамои самтҳои асосии сиёстаи пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009. Ба андешаи М. Кабирӣ қарзҳои кӯтоҳмуддате, ки имрӯз Бонки миллии Тоҷикистон ҷудо карда истодааст, асосан барои бозор ворид мешавад ва дар ин маврид қарзгиранда маҷбур аст, ки фоизро сари вақт ба бонк баргардонад. Маблағе, ки шаҳрвандон аз бонкҳо мегиранд маҷбуранд танҳо дар бозор ва савдо сарф намоянд. Зеро ҳамагуна истеҳсолот ҳадди ақал 2 ваё 3 сол мӯҳлат меҳоҳад, то ин ки маҳсулоти истеҳсолшуда ба бозор бароварда шавад ва даромад диҳад. Мутаасифона ин имкониятро қарзгирандагони мо надоранд. Аз ин хотир бояд, сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон, умуман ҳамаи бонкҳои ҷумҳурӣ аз додани қарзҳои кӯтоҳмуддат ба додани қарзҳои дарозмуддат ва имтиёзнок гардонида шавад, ки он ба рушди истеҳсолот ва пешрафти иқтисоди миллии кишварамон такони ҷиддие хоҳад бахшид. М.Кабирӣ мегӯяд, ки — Бонки миллии Тоҷикистон омодаи ин сиёсат ҳаст ё нест, амммо ин талаботи замон мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






