М. УБАЙДУЛЛОЕВ БО САНОАТЧИЁН МУЛОҚОТ МЕНАМОЯД
Душанбе, 20 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Минбаъд моҳе як маротиба Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбарони субъектҳои саноатии пойтахт мулоқот менамояд. Ин матлаб дар ҷаласаи васеи шаҳри Душанбе зикр гардид. Тибқи иттилои котиби матбуоти раиси шаҳр Шавкат Саидов ҳадаф аз андешидани ин тадбир тақвияти раванди истењсолот дар соњаи саноати пойтахт ва мусоидат ба бедории саноатчиён новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ баҳри истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар бозори истеъмолӣ мебошад. Интизор меравад, ки зимни мулоқоти раиси шаҳр бо саноатчиёни пойтахт проблемаҳои ҷойдоштаи соҳа, рушди минбаъдаи он матраҳ мегарданд. Бояд зикр кард, ки тӯли солҳои охир ба пойтахт ва умуман ба ҷумҳурӣ аз хориҷӣ кишвар мањсулоти пастсифати арзони заргарӣ, трикотажӣ, маводи сохтмонӣ, хўрокворӣ ва молҳои ғайриистеъмолӣ ба таври қочоқ ворид карда мешаванд. Аз ин рӯ, баргузор намудани чунин мулоқот пеш аз ҳама ба рушди соҳаи саноати пойтахт, истеҳсоли молу маҳсулоти ба бозор рақобатпазир ва ҷилавгирӣ аз ворид намудани маҳсулоти пастсифат ба пойтахт мусоидат менамояд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






