МАҲОРАТИ КАСБИИ КОРГАРОНИ МУҲОҶИР ТАКМИЛ ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Сардори раёсати таҳқиқи проблемаҳои соҳаи иҷтимоӣ ва бозори меҳнати Маркази тадқиқоди стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Фирӯз Саидов дирӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли гузашта дар 14 ноҳияи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе курсҳои махсуси кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ барои калонсолон кушода шуд. Курсҳои мазкурро Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муҳоҷират бо мақсади такмили маҳорати касбии коргарони муҳоҷир ва омӯзиши касбҳои нав кушод. Тибқи нақша, дар оянда дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат филиали Омӯзишгоҳҳои касбию техникии Русия кушода мешаванд. Яке аз масъалаҳои муҳими имрӯза ба коргарони муҳоҷир омӯхтани касбу ҳунарҳои нав мебошад. Фаъолияти курсҳои кӯтоҳмуддат бо назардошти омӯзиши касбу ҳунарҳои серталаб ба роҳ монда мешавад, гуфт Ф. Саидов.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






