МАҶЛИСИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ПРОКУРАТУРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Январь 6, 2009 11:02

           Қӯрғонтеппа,  6  январ. (АМИТ «Ховар»,  Мурод  Сотиев). – Дар  шаҳри  Қӯрғонтеппа  маҷлиси  ҳайати мушовараи  прокуратураи  вилояти  Хатлон  баргузор  гардид. Дар он   муовини  прокурори  генералии  ҷумҳурӣ  Мирзошариф  Шарифов  иштирок  дошт. Дар  маҷлис  натиҷаҳои  фаъолияти  мақомоти  прокуратураи  вилоят  дар соли  2008  ҷамъбаст  карда  шуданд.       Прокурори  вилоят  Фозилҷон  Охунов  зикр  намуд, ки  соли  гузашта барои  пурзӯр  намудани  мубориза  ба  муқобили  ҷинояткорӣ  корҳои  муайян   ба  сомон расонда  шуданд. Инчунин, барои  пешгирии  қонуншиканӣ  тадбирҳои  профилактикӣ андешида  шуданд.  Ф.Охунов фаъолияти  баъзе  муассисаҳоро  дар  соҳаҳои  нақлиёт,  ҳифзи  меҳнат ва  пешгирии   паҳн  гардидани  бемориҳои  сирояткунанда  ҳадафи  танқид қарор   дод.        Қайд  карда  шуд, ки  дар  вилоят  назорати  сифати  молро   дар  бозорҳо  ва  муассисаҳои  савдо  тақвият  додан  зарур  аст. Зеро  қисми  зиёди  молҳои  бозор  ба  талаботи  стандарти  давлатӣ  мувофиқат  намекунад. Ташкилоту  муассисаҳои  дахлдор  бояд  барои   бартараф  сохтани  ин   камбудиҳо  тадбирҳои  зарурӣ  андешанд,  — гуфт  прокурори  вилоят.

Январь 6, 2009 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд