МАҶЛИСИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ПРОКУРАТУРАИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Январь 6, 2009 15:14

            Хуҷанд, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- 5 январ дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳайати мушовараи прокуратураи вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он муовини прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмонов иштирок дошт. Дар маҷлис прокурорҳо ва раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони гарнизони  Суғд, ҷузъу томҳои он ва шахсони дигари расмӣ ширкат варзиданд. Прокурори вилоят Хайрулло Саидов дар бораи натиҷаҳои фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли 2008 маълумот дод.          Вай зикр намуд, ки соли гузашта дар натиҷаи дахолати кормандони прокуратура ба маблағи 25,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ рӯёнда шуд. Санҷишҳои прокурорӣ нишон дод, ки ҷалби донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва талабагони  омӯзишгоҳу техникумҳо ва коллеҷҳои вилоят  ба ҷамъоварии пахта ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»  комилан мухолиф мебошад. Бо вуҷуди ин 19 сентябри соли гузашта 6,5 ҳазор донишҷӯ ва талаба барои ҷамъоварии пахта ба хоҷагиҳои ноҳияҳои Конибодом, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Ашт ва Мастчоҳ сафарбар карда шуданд. Илова бар ин  ҳуқуқи онҳо ба меҳнат ва гирифтани музди корашон поймол карда шуд. Хоҷагиҳои пахтакор пули пахтаи ҷамъовардаи донишҷӯёнро сари вақт додан нахостанд.           Барои пешгирии  риоя нашудани қонун ба унвони раиси вилоят тавсиянома фиристода шуд ва донишҷӯён ба мактабҳо баргардонида шуданд. Танҳо баъди дахолати прокуратура пули пахтаи ҷамъовардаи донишҷӯён ба маблағи 33 миллион сомонӣ аз хоҷагиҳои пахтакор рӯёнда шуд, гуфт прокурори вилоят.            Дар маҷлис инчунин масъалаҳои дигар, аз ҷумла  ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳатмии ҷавонон дар артиши миллӣ ва  фаъолияти комиссияҳои тиббии  комиссариатҳои ҳарбии  вилоят муҳокима карда шуданд.                      

Январь 6, 2009 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид