МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КУШОДА ШУД

Январь 15, 2009 11:12

Субҳи 15 декабри соли 2009 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуд. Дар ҷараёни он натиҷаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2008 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои соли равон муайяну мушаххас мегарданд. Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Ҳукумати мамлакат, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, муассисаю ташкилоти ҷумҳуриявӣ, бонкҳо ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок доранд. Зимни таҳлилу баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла, зикр гардид, ки дар соли 2008 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,9% афзуда, ба 17 миллиарду 609,3 миллион сомонӣ баробар шуд. Сатҳи таваррум дар соли сипаригашта 11,8% — ро ташкил дод. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷи 13,3% афзуда, ба 4 миллиарду 549,6 миллион доллари амрикой баробар шуд.          Қисми хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2008 96,6% (нисбат ММД 28,3%) иҷро шуд, ки дар натиҷа профитсити он (аз ҳисоби даромадҳо ва хароҷоти ҷорӣ) нисбат ба ММД 1,9% — ро ташкил дод.            Камбудию норасоиҳои зиёд низ мавриди баррасӣ қарор мегирад ва вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, ташкилоту идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин ҳамаи субъектҳои хоҷагидор новобаста ба шакли моликият вазифадор карда мешаванд, ки барои бартараф намудани норасоиву мушкилиҳои соли 2008 ва иҷрои бучунучарои барномаю супоришҳои дар соли 2009 пешбинишуда тамоми тадбирҳои заруриро андешанд.           Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.       

Январь 15, 2009 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд