МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ ДОИМИИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ ДАР МИНСК
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Маҷлиси навбатии Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои ИДМ 26 январ дар шаҳри Минск баргузор мегардад. Иштирокчиёни маҷлис натиҷаҳои машварати гузаштаро дар мавзӯи фаъолияти гурӯҳи намояндагони ИДМ дар интихоботи мамлакатҳои Иттиҳод дар давоми соли 2008, таҷриба ва роҳҳои беҳтар сохтани фаъолияти онҳо, нақшаи соли равон, рӯзномаи маҷлисҳои ояндаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои Иттиҳодро баррасӣ менамоянд. Инчунин дар маҷлис нақшаи тадбирҳои амалӣ сохтани даври аввали барномаи стратегии рушди иқтисодии ИДМ то соли 2020 ва лоиҳаи Қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар бораи таъсиси гурӯҳи муваққатии кории бартараф сохтани муноқиша дар Обхозистон муҳокима карда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






