МАҶЛИСИ ШӮРОИ АМНИЯТ

Январь 30, 2009 09:50

                    Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — 29 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои амнияти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ баргузор гардид.  Дар маҷлис ҳисоботи роҳбарони сохторҳои низомию интизомӣ ва муҳофизи қонуни ҷумҳурӣ шунида ва муҳокима карда шуданд. Дар ҳисоботи онҳо натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои зикршуда дар соли 2008 ҷамъбаст карда шуданд.Баъди муҳокимаи ҳисобот вазифаҳои соли 2009 ба таври мушаххас муайян гардиданд. Иштирокчиёни маҷлис ба бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда дар мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ диққати махсус доданд.                    Президенти ҷумҳурӣ, раиси Шӯрои амнияти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Суди олӣ Нусратулло Абдуллоев, раиси Шӯрои адлия Шермуҳаммад Шоҳиён, мушовири давлатии Президент дар масъалаҳои сиёсати ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти ҷумҳурӣ дар Маҷлиси олӣ Зариф Ализода ва директори Агентии таъминоти моликияти махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Исмоил Шафиев дастур дод, ки дар давоми шаш моҳ ҳамаи камбудию норасоиҳои дар фаъолияти сохторҳояшон мавҷударо бартараф созанд.

Январь 30, 2009 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа