МАҶЛИСИ ШӮРОИ ТИҶОРАТИӢ СҲШ ДАР ЧИН БАРГУЗОР ГАРДИД
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар шаҳри Шенчжени Ҷумҳурии Мардумии Чин маҷлиси навбатии Шӯрои тиҷоратии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он аз Тоҷикистон раиси Палатаи савдо ва саноат Шариф Саид иштирок намуд ва сухан кард. Вай зикр намуд, ки мамлакатҳои аъзои созмон аз имкониятҳои мавҷудаи ҳамкории мутақобилан муфид самарабахш истифода мебаранд. Аз ҷумла, Тоҷикистону Русия дар масъалаи амалӣ сохтани барномаҳои сармоягузорӣ маълумоти заруриро дастраси ҳамдигар мегардонанд. Ширкатҳои чинӣ сохтмони роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқро анҷом медиҳанд. Роҳи мошингарди Душанбе — Хоруғ — Қулма — Қароқорум дар оянда мамлакатҳои Аврупоро бо Чин мепайвандад. Айни ҳол фонди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон бунёд карда шуд, ки барномаҳои муштаракро дар соҳаҳои энергетика, истихроҷи маъдан ва кишоварзӣ амалӣ месозад. Ба қавли Шариф Саид, ҳамкории мамлакатҳои аъзои созмонро дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва такмили маҳорати онҳо давом додан зарур аст. Нотиқ пешниҳод кард, ки барои кам кардани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ тадбирҳои муштарак андешида шаванд. Маҷлиси ояндаи Шӯрои тиҷоратии СҲШ соли равон дар шаҳри Санкт — Петербург баргузор мегардад. Тарҷумон — Қудратов А.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






