МАБЛАҒГУЗОРИҲОИ БОНКӢ НАТИҶА НАДОД

Январь 29, 2009 10:32

                 Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Рушди кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пахтакорӣ, ки яке аз соҳаҳои сердаромад дар амнияти иқтисодии кишвар маҳсуб меёбад, вобаста аст. Соли 2008 кормандони соҳаи кишоварзӣ дар баъзе бахшҳо бо дастовардҳои назаррас ноил шуданд. Бо вуҷуди он истеҳсоли яке аз зироатҳои асосӣ -пахта натиҷаи хуб надод. Гарчи дар соли 2008 аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ, бонкҳо ва сармоягузорон ба соҳаи пахтакорӣ беш аз 370 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда бошанд ҳам, аммо дар мамлакат ҳамагӣ 350 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шуд. Ҳосилнокии пахта дар соли 2008 14, 7 сентнериро ташкил дод, ки ин нисбат ба солҳои 40-уми асри гузашта камтар аст.                Коршиносон сабаби пастравии ҳосилнокии пахтаро аз ҳавасманд набудани мардум ба ин соҳа медонанд. Агар пахтакорӣ бо чунин тарз пеш бурда шавад, хоҷагиҳо баробари фучеристон аз бонкҳо ҳам қарздор хоҳанд шуд ва соҳа билкул барҳам хоҳад хӯрд

Январь 29, 2009 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид