МАБЛАҒГУЗОРИИ КИШОВАРЗӢ 33 МЛН. ЗИЁД МЕГАРДАД

Январь 13, 2009 13:08

             Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Раёсати ояндабинии Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки бо мақсади таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ ва амнияти  озуқаворӣ дар буҷет барои соли 2009 -335 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2008 ба миқдори 33 млн. зиёд аст. Аз ҷумла, барои татбиқи барномаҳои соҳаи кишоварзӣ 22,3 млн. сомонӣ равна гардидааст, ки ин маблағ барои амалӣ намудани чорабиниҳои эпизоотӣ, мубориза бар зидди малах, хариди заҳр- химикатҳо ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ, барқарорсозии соҳаи боғутокпарварӣ, рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва барои харидани техникаи кишоварзӣ масраф мегардад.

Январь 13, 2009 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид