МАБЛАҒИ ХАРИДУ ФУРӮШИ МОЛ БО РУСИЯ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид зимни иштирокаш дар маҷлиси Шӯрои тиҷоратии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Шенчжени Ҷумҳурии Мардумии Чин бо раиси Шӯрои тиҷоратӣ, муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия Дмитрий Мезенсев мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои ривоҷ додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ муҳокима шуданд. Қайд карда шуд, ки маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Русия соли 2008 ба бештар аз 1 миллиард доллари ИМА расид. Мусоҳибон ба масъалаҳои сиёсати сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт дахл намуданд. Шариф Саид пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон намоишгоҳҳои маҳсулоти корхонаю ширкатҳои минтақаҳои гуногуни Русия ва мулоқоти тоҷирону соҳибкорони ҳар ду кишвар гузаронида шаванд. Д.Мезенсев зикр намуд, ки анъанаи хуби аз Тоҷикистон ба Русия фиристодани сабзавоту мева ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ давом дода шавад. Баъдан проблемаи муҳоҷирати меҳнатӣ, дастгирии коргарони муҳоҷири тоҷик, бо кор таъмин намудани онҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии мардикорон дар қаламрави Русия баррасӣ карда шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






