МАЙДОНИ ПАРВАРИШИ КАМОЛ ВУСЪАТ МЕЁБАД

Январь 28, 2009 10:27

                Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Растании камол дар феҳрасти растаниҳои нодир дар Китоби сурхи Тоҷикистон сабт шудааст.                Соли ҷорӣ бо супориши Ҳукумати мамлакат Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба парвариши растании шифобахши камол дар ҳудуди 800 гектар оғоз кард.                Бино ба маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист имрӯз бо ин мақсад қариб 1,5 ҳазор гектар замин ҷудо шуда, интизор меравад, ки майдони парвариши он дар оянда васеъ гардад.                Мавриди ёдоварист, ки моҳи сентябри соли 2008 бо Фармони Президенти кишвар ҷамъоварӣ ва содироти шираи камол ба кишварҳои хориҷ манъ карда шуд.                 Бояд гуфт, ки камол яке аз растаниҳои шифобахш буда, дар ҷаҳон 190 навъи он сабт шудааст ва дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон 37 навъи он мерӯяд.

Январь 28, 2009 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст