МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ «ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ» БАРОИ ЯТИМДУХТАРОН ТАЪСИС ЁФТ
Душанбе, 12 январ (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Соли 2008 маҳз бо мусоидат ва дастгирии Президенти кишвар Эмомали Раҳмон фаъолияти дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият ёфта, теъдоди кормандони он аз 10 ба 19 нафар зиёд карда шуд, ки ин ба густариши фаъолияти Кумита мусоидат намуд, — иброз намуд зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ. Ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» кормандони Кумита бо таҷҳизоти компютерӣ, 40 нафар бошандагони хобгоҳи ятимдухтарон ва духтароне, ки дар аспирантура бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд, бо идрорпулй таъмин гардиданд. Бо ҳамдастии Созмони байналмилалии ЮНИФЕМ 16 ноҳияи ҷумҳурӣ дар назди Кумита ва шуъбаҳои кор бо занон ва оилаи Марказҳои машваратии ҳуқуқӣ ифтитоҳ ёфт ки ҳадафи он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон аст,-идома дод Хайринисо Юсуфӣ. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» барои ятимдухтарон ба тасвиб расид, ки ҳадафи асосии он чалби духтарон ба корҳои сарварист. Боиси тазаккур аст, ки дар назди хобгоҳи ятимдухтарон Маркази офиятдиҳӣ низ ифтитоҳ ёфт ва дар ин самт бо ЮНИС'ЕФ меморандум ба имзо расид. Ҳамзамон, дар ҷаласаи Шӯрои Кумита ба 15 нафар бонувоне, ки машғули корҳои илмианд, ба ҳар кадоме ба маблаги 200 сомонӣ идрорпулӣ супорида шуд. Иқдоми дигари арзишманде, ки аз ҷониби Кумита рӯи кор омад, барг узор гардидани Конфронси Ҷумҳуриявии «Зан ва муҳоҷират» буд. Қаблан, ҷиҳати омодагӣ ба конфронси мазкур ва бо мақсади омӯхтани вазъи кору рӯзгори муҳоҷирон Раиси Кумита ба Федератсияи Русия сафар намуда, бо бонувони муҳоҷир, марказҳои тоҷикон ва мақомоти масъули он кишвар сӯҳбату мулоқотҳо анҷом дод, зикр кард Хайринисо Юсуфӣ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






