МАШҒУЛИЯТҲОИ ЗИМИСТОНАИ АКАДЕМИЯИ ХУРДИ ИЛМҲО

Январь 8, 2009 15:50

          Душанбе, 8  январ. (АМИТ «Ховар»,  Олег  Соболев). —  Дар  Душанбе  машғулиятҳои  зимистонаи  Академияи  хурди  илмҳо  оғоз  ёфтанд. Ин  машғулиятҳо  нишон   медиҳанд, ки  ҷавонон  торафт  бештар  ба  илм  шавқу  рағбат  зоҳир  менамоянд.  Дар  маросими  оғози   машғулиятҳо  президенти  Академияи  илмҳои  ҷумҳурӣ  Мамадшо  Илолов,  муовини  ӯ Хуршед  Каримов,  раиси Академияи  хурди  илмҳо, академик  Далер  Почоҷонов  ва  роҳбарони   бисёр  пажӯҳишгоҳҳои  илмӣ,  инчунин  намояндагони  вазорати  маориф  ва  Федератсияи  иттифоқҳои  касаба   бо  ҷавонон  мулоқот  карданд.  Дар ҷараёни  машғулиятҳо  дар  шӯъбаҳои   ситорашиносӣ,  химия,  тиб,  иқтисодиёт,   биология,  геоэкология,  математика,  журналистика,  ҳуқуқшиносӣ  ва  физика  маърӯзаҳо  хонда  мешаванд. Олимон ба  маърӯзаи  дар  шӯъбаи  химия  хондашуда  баҳои  баланд  доданд. Муаллифи  он   соҳаи  нави  илми  химия – химологияро пешниҳод  намуд, ки бо  кӯмаки  он хислату  хусусияти  одамон  муайян  карда  мешавад. Раиси  Академияи  хурди  илмҳо  Далер  Почоҷонов   ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки  академия  соли  1971  таъсис  ёфта  буд. Ташаббускори   ташкили он  Пажӯҳишгоҳи  геологияи  Академияи  илмҳо  буд. Айни  ҳол  Академия  хурди  илмҳо  11  шӯъба  дорад. Талабагони  синфҳои болои мактабҳои  миёна  дар  машғулиятҳои  академия  ширкат  варзида,  роҳу  усулҳои тадқиқоти  илмиро меомӯзанд. Солҳои  гузашта   Академияи  хурди  илмҳо бахшида ба  соҳаҳои гуногуни  илм  лагерҳои  худро  ташкил  менамуд. Вале   дар  натиҷаи   воқеаҳои  маълум  фаъолияти онҳо  қатъ гардид.  Лагери  экологии  академия   дар  давоми   ду  соли охир   аз  нав  барқарор  карда шуд. Бачагон  дар  лагери  мазкур  истироҳат  карда,  ҳамзамон  бо табиати   кишвар  шинос  мешаванд.  

Январь 8, 2009 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад