МАШҚИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ҲАНГОМИ РАХНАШАВИИ ЭҲТИМОЛИИ КӮЛИ САРЕЗ

Январь 12, 2009 15:42

Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар мавзӯъи «Ташкили маҷмӯи чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи аҳоли ҳангоми рахнашавии эҳтимолии кӯли Сарез» машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд. Аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар чорабинии мазкур кормандони хадамоти тиббии мудофиаи граждании ноҳияи Шаҳритус иштирок намуданд. Ҷиҳати расонидани кӯмаки амалӣ дар тайёр намудан ва гузаронидани машқ намояндагони Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ва раёсати тандурустии вилояти Хатлон сафарбар шуда буданд.Хадамоти тибии ноҳия вазифаҳои аз тарафи ситоди роҳбарикунандаи машқ гузошташударо ба пуррагӣ иҷро намуда, собит намуданд, ки дар ҳама ҳолатҳо аз иҷрои вазифаҳои касбии худ баромада метавонанд.

Январь 12, 2009 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд