МАСИМОВ ЗИМНИ САФАРАШ БА ДУШАНБЕ ХИШТИ НАХУСТИНИ ПОЙДЕВОРИ САФОРАТИ КИШВАРАШРО МЕГУЗОРАД

Январь 29, 2009 14:55

                 Душанбе, 29 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Нимаи аввали соли 2009 сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов ба Душанбе тарҳрезӣ шудааст» гуфт, зимни мулоқоташ бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулатип Ахметов.                 Мавсуф афзуд, ки дар доираи сафари расмии Сарвазири Қазоқистон Карим Масимов ба Тоҷикистон хишти нахустини пойдевори сохтмони бинои Сафоратхонаи Қазоқистон дар шаҳри Душанбе гузошта хоҳад шуд.                Дипломати қазоқ зикр кард, ки бунёди сохтмони Сафоратхонаи Қазоқистон дар Душанбе ҷиҳати густариши дурнамои робитаҳои халқҳои дӯсту бародар -тоҷику қазоқ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.  

Январь 29, 2009 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид