МАВОДИ НАШЪАОВАР ОШКОР КАРДА ШУД
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев иттилоъ дод, дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии ҶТ дар давоми ду рӯзи охир як чанд далелҳои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор карда шудааст. Аз ҷумла, аз ҷониби кормандони раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД ҶТ шаҳрванди шаҳри Кӯлоб, Исҳоқов Алӣ дар ҳудуди бозори шаҳри Кӯлоб дастгир карда шуд. Аз ӯ тақрибан 22 кг маводи нашъаовари навъи бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд. Инчунин ҳангоми гузарондани корҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони раёсати мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД ҶТ шаҳрванд Салихов Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1962 сокини ноҳияи Рудакӣ, қишлоқи Қӯштеппа дастгир карда шуд. Аз ӯ тақрибан 1 кг маводи нашъаовари навъи афён дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз ҷониби кормандони раёсати корҳои дохилии дар нақлиёт будаи ВКД ҶТ ҳангоми аз назар гузаронии мусофирони хати сайри 654, ба самти Хуҷанд-Москва шаҳрванд Мақсудзода Абдураззоқ, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ, ҷамоати Оббурдон дастгир гардид. Дар натиҷаи кофтукови шахсӣ аз ӯ 450 гр маводи сахттаъсири навъи героин мусодира карда шуд. Кормандони ҳамин раёсат автомашинаи тамгаи BMW-318 раками кайди давлатиаш АЕ 68 08, таҳти идораи Акрамов Муртазо, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, шаҳраки Восеъро боздошт карданд. Ҳангоми аз назаргузаронии автомашинаи мазкур 3 кг 910 гр маводи нашъовари навъи бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ кушода шуда тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






