МУҒУЛИСТОН БА ФАЪОЛИЯТИ ҶОМЕАИ ИҚТИСОДИИ ЕВРАЗИЯ МАРОҚ ЗОҲИР М
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Муншии умумии Ҷомеаи иқтисодии Евразия Тоҳир Мансуров бо вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Муғулистон Сӯҳбатарин Батболд мулоқот кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки муншии умумии ҷомеа ба вазири Муғулистон дар бораи ҷараёни иҷрои қарорҳои сарони давлатҳо дар масъалаи ташкили Иттифоқи гумрукҳо, фазои воҳиди иқтисодӣ, густариши ҳамкории фарҳангӣ ва иҷтимоию гуманитарӣ дар байни мамлакатҳои аъзои созмон маълумот дод. Вазири корҳои хориҷии Муғулистон ба масъалаҳои ташкилии фаъолияти ҷомеа, аз ҷумла, мақоми мушоҳид дар он мароқ зоҳир намуда, зикр намуд, ки роҳбарияти мамлакаташ фаъолияти ҷомеаро дар масъалаи равнақу ривоҷи ҳамкории бисёрҷониба бо диққати калон меомӯзад. Бояд гуфт, ки Муғулистон бо ҳамаи мамлакатҳои ҳамсояаш муносибатҳои дӯстона дорад ва мехоҳад бо мамлакатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия ҳамкорӣ намояд. Т.Мансуров зикр намуд, ки густариши равобити ҳамкории иқтисодии давлатҳои аъзои ҷомеа ва Муғулистон ба манфиати ҳамаи халқҳои қитъаи Евразия мебошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






