МУҲОҶИРОН БОЯД СУҒУРТА КУНАНД

Январь 21, 2009 15:27

                Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Имрӯз зиёда аз 700 ҳазор шаҳрвандони мо, ки дар Федератсияи Русия кор ва фаъолият доранд, муштарии ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» нестанд. Бояд гуфт, ки ҳодисаҳое, ки имрӯз нисбати баъзеи онҳо дар ин шаҳрҳои дурдаст рух медиҳад мо имкони онҳоро дастгирӣ кардан надорем»,- гуфт зимни сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» раиси Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» Муҳибалӣ Сафаров.                Ӯ ҳамчунин афзуд, ки мо имрӯз ба ширкатҳои хориҷии Русия мактуб кардем, то ки фаҳмонем, ки бисёре аз ин шаҳрвандони мо дар ширкатҳои сохтмонӣ кор мекунанд, ки ин ширкатҳо суғурта кардагӣ ҳастанд, бинобар ин мо барои нисбати баъзеи ин шаҳрвандон, ки ба онҳо ҳодисаҳои нохуш рух додааст, аз ширкатҳои номбурда барои падару модарони нобудшудагон маблағи заруриро баргардонем.               «Чӣ тавре, ки маълум аст, чанде қабл дар натиҷаи сӯхтор якчанд шаҳрвандони мо фавтиданд. Бинобар ин мо тамоми имкониятҳоро истифода бурда барои ба наздиконашон баргардонидани маблағи суғуртавии онҳо, ки аъзои ширкатҳои суғуртавии Русия буданд кӯшиш менамоем», — тазаккур дод М. Сафаров.  

Январь 21, 2009 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад