МУҲОКИМАИ ТАДБИРҲОИ МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ МУҲОҶИРАТИ ҒАЙРИ&#

Январь 30, 2009 15:31

                  Маскав, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар бинои Ситоди муттаҳидаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав машварати роҳбарони мақомоти давлатҳои аъзои СААД ва Ҷомеаи иқтисодии Евразия, намояндагони Шӯроҳои амният ва кумитаҳои соҳавии парлумонҳои миллӣ баргузор мегардад. Дар он вазифаҳои мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои созмонҳои мазкур дар мубориза ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва таъмини ҳуқуқҳои меҳнатию иҷтимоии коргарони муҳоҷир муҳокима карда мешавад.                  Муншии умумии СААД Николай Бордюжа қабл аз оғози машварат зимни сӯҳбат бо хабарнигорон зикр кард, ки муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар шароити тақвият ёфтани бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ яке аз проблемаҳои асосии замони ҳозира ба шумор меравад. Вай изҳор намуд, ки муҳокимаи ин проблема дар созмонҳои мӯътабари байналхалқию минтақавӣ аҳамияти калон дорад.                 Ба ақидаи коршиносон, қисми зиёди коргарони муҳоҷир вобаста ба коҳиши истеҳсоли маҳсулот ва аз кор озод гардидани коргарон ба мамлакаташон барнагашта, сафи коргарони муҳоҷири ғайриқонуниро бештар мегардонанд. Ин дар натиҷа ба вазъияти ҷомеа таъсири манфӣ расонда, сабаби содир гардидани ҷиноятҳои гуногун шуда метавонад, гуфт Н.Бордюжа. — Бинобар ин мо бояд илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯи он ёфта, барои пешгирии омилҳои манфии масъала тадбирҳои зарурӣ андешем.                                                                                                                                                     Тарҷумон — Қудратов А. 

Январь 30, 2009 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид