МУДИРИ АНБОР МОЛУ АШЁИ БА Ӯ БОВАРКАРДАШУДАРО ТАСАРРУФ НАМУД

Январь 13, 2009 15:38

Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Мудири анбори ҶСШК «Кӯлобгаз»-и шаҳри Кӯлоб Сангаҳмад Сабзалиев аз соли 2004 то ин ҷониб аз вазифаи худ истифода намуда, ба маблағи 268 169 сомонӣ молу ашёи ба ӯ бовар карда супорида шударо тасарруф кардааст. Номбурда бо ин кирдораш ба давлат ба маблағи 268 169 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки С. Сабзалиев тибқи моддаи 245, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбати ӯ тафтиш идома дорад.

Январь 13, 2009 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид