МУКОФОТҲО БА ДОНИШҶӮЁНИ БЕҲТАРИН
Хуҷанд, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Дар Хуҷанд ба шарафи донишҷӯёни мактабҳои олии вилояти Суғд, ки дар маъракаи ҷамъоварии пахта фаъолона ширкат варзида, аз ҳама бештар пахта чидаанд, ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба 34 нафар донишҷӯи фаъолу пешқадам ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ супорид. Яке аз онҳо донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров Моҳира Эркабоева аст, ки зиёда аз 7 ҳазор килограм пахта чидааст. Мудири шӯъбаи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Рустам Усмонов ба АМИТ «Хвар» хабар дод, ки мавсими гузашта дар маъракаи ҷамъоварии пахта бештар аз 7 ҳазор донишҷӯ ширкат варзид. Онҳо ихтиёран ба деҳқонон кӯмак расонданд, гуфт Р. Усмонов.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






