МУЛОҚОТ ДАР ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРӢ

Январь 23, 2009 11:12

               Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо директори Ширкати байналхалқии намоишгоҳҳои «Гроу интернейшнал» Муҳаммад Имронӣ мулоқот кард. Ҳадафи мулоқот муҳокимаи имкониятҳои дар Тоҷикистон гузаронидани мулоқотҳои соҳибкорону тоҷирон ва ташкили намоишгоҳҳои байналхалқӣ буд. Ш.Саид таъкид кард, ки ташкили намоишгоҳу ярмаркаҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти палата мебошад ва барои ба бозори ҷаҳонӣ баровардани молҳои сохти ватанӣ, ҷалби сармоя ва дарёфти ҳамкорони нав, инчунин бунёди корхонаҳои муштарак нақши муҳим мебозанд. Соҳибкорону тоҷирони маҳаллӣ бо ин роҳ бо маҳсулоти корхонаҳои хориҷӣ шинос гардида, таҷрибаи худро ғанитар мегардонанд.              Паймон карда шуд, ки соли 2009 дар Душанбе се намоишгоҳ ва дар Хуҷанд як намоишгоҳ ташкил карда шаванд.              Инчунин бахшида ба проблемаҳои муҳими тиҷорату соҳибкорӣ машваратҳо ва конфронсҳо гузаронида хоҳад шуд. Дар давоми солҳои 2009 — 2010 китоби «Роҳнамои тоҷирон» ба забонҳои форсию англисӣ ва русӣ чоп карда мешавад.

Январь 23, 2009 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид