МУЛОҚОТ ДАР ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ

Январь 26, 2009 11:07

                      Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндаи махсуси Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Кай Эйде мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва намояндагии СММ дар Афғонистон дар бобати расондани кӯмак ба Афғонистон барои барқарор сохтани иқтисодиёти он муҳокима карда шуданд. Мусоҳибон роҷеъ ба имкониятҳои ҳамкории самарабахш дар масъалаи таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон ва минтақа, тавсиаи муносибатҳо ва равобити иқтисодӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, мубориза ба муқобили маводи нашъадор ва таҳкими сарҳад табодули назар намуданд.                    Кай Эйде зикр кард, ки Созмони милал ҷонибдори муҳайё сохтани шароити зарурӣ барои ҷалби мамлакатҳои ҳамсоя ҷиҳати иштирок дар барномаҳои иқтисодии Афғонистон мебошад. Ҳамрохон Зарифӣ таъкид кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон тайёр аст, аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар амалӣ сохтани барномаҳои иқтисодию иҷтимоии Афғонистон саҳм гузорад.

Январь 26, 2009 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд