МУЛОҚОТ ДАР ВКХ
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дирӯз, 27 январ бо вазири ҳамкории байналхалқии Ҷумҳурии Араби Миср Фоиза Абдулнаҷо мулоқот кард. Зимни сӯҳбат масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории мутақобилан муфид дар соҳаҳои кишоварзӣ, тиб ва энергетика муҳокима шуданд. Мусоҳибон ҳамчунин ба масъалаҳои бунёди корхонаҳои муштарак барои истеҳсоли дору ва иштироки соҳибкорони мисрӣ дар иҷрои барномаҳои энергетикии Тоҷикистон дахл намуданд. Ҳар ду ҷониб зикр карданд, ки бо мақсади рушди ҳамкории дуҷониба дар байни ҳар ду кишвар кушодани роҳи ҳавоӣ аҳамияти калон дорад. Вазири ҳамкории байналхалқии Миср ба натиҷаҳои маҷлиси нахустини дар шаҳри Душанбе баргузоргардидаи Комиссияи байниҳукуматии хамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ ва техникии Тоҷикистону Миср баҳои баланд дод. Ҳамрохон Зарифӣ таваҷҷӯҳи ҳамсӯҳбаташро ба масъалаи кушодани Сафоратхонаи Ҷумҳурии Мисри араб дар Тоҷикистон ҷалб намуда, аҳамияти онро дар густариши муносибатҳо ва ҳамкории ҳар ду кишвар таъкид намуд. Вай зикр кард, ки омӯхтани таҷрибаи Миср дар истиқрори сулҳ дар бартараф сохтани проблемаҳои Афғонистон аҳамияти калон дорад. Дар фарҷоми сӯҳбат масъалаи таҳсили мутахассисони тоҷик дар курсҳои кӯтоҳмуддати Фонди ҳамкории техникии Миср баррасӣ карда шуд. Вазири мисрӣ изҳор намуд, ки тайёр аст ба таҳсили дипломатҳо ва донишҷӯёни тоҷик дар курсҳои такмили ихтисос ва забономӯзӣ мусоидат кунад. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






