МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФОИЗА АБДУННАҶОРО
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб хонум Фоиза Абуннаҷоро, ки ба ҳайси сарвари қисмати мисрии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ масоили густариши ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ барои татбиқи босамари заминаи боэътимоди қарордодию ҳуқуқии Тоҷикистону Миср ва дарёфти роҳҳои истифода аз имконоти фаровони ҳамкорӣ корҳои назаррасро анҷом медиҳад. Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, саноати сабук ва хӯрокворию дорусозӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, молия ва фаъолияти бонкӣ, кишоварзӣ ва хоҷагии об, маориф, тандурустӣ, илму фарҳанг ва туризм воситаи муҳими таҳкиму тавсиаи муносибатҳои Тоҷикистону Миср маънидод гашт. Ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, аз ҷумла дар роҳи сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ дар болои дарёҳои Тоҷикистон аз самтҳои асосии ҳамкории иқтисодии ду кишвари дорои захираҳои фаровони обию энергетикӣ номида шуд. Тасмим гирифта шуд, ки Нораку Асвон — ин шаҳрҳои энергетикҳои Тоҷикистону Миср бародаршаҳр эълон карда шаванд.Дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба муносибатҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони конфронси Исломӣ ва дигар созмонҳо гуфтугӯ сурат гирифт. Хонум Фоиза Абуннаҷо изҳор дошт, ки иқдоми Президенти Тоҷикистон оид ба «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон намудани соли 2009 боиси хушнудии роҳбарият ва мусулмонони Ҷумҳурии Мисри Араб шуд.Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Ҳуснӣ Муборак кинофилми бадеии бисёрсериягии кинематографистони мисрӣ — «Имом Абуҳанифаи Нуъмон» — ро ба ҳайси тӯҳфа ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон ирсол намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин тӯҳфаро саҳми арзандаи Ҷумҳурии Мисри Араб дар роҳи муаррифии ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам ба мардуми Тоҷикистон маънидод карда, изҳор дошт, ки он дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ба тоҷикӣ гардонда ва манзури бинандагони телевизиони тоҷик карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






