МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ХОЛИД ИБН МУҲАММАД АЛ-АТИЯ
17 январи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии Давлати Қатар оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Холид ибн Муҳаммад ал-Атияро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ масоили татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар баимзорасида ва дар заминаи онҳо таҳкиму густариш додани муносибатҳои ба ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо 8 санади муҳим баҳри густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, сармоягузорӣ, асалпарварӣ, чорводорӣ ва ғайра заминаи мусоиди ҳуқуқӣ эҷод гаштааст.Ҳамзамон таъкид гардид, ки ба татбиқи амалии онҳо бояд такони ҷиддӣ дода шавад. Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар ояндаи наздик ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор карда шавад. Ҳамчунин кушодани сафорати Тоҷикистон дар Қатар ва баръакс аз Қатар дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва истихроҷи маъданҳо низ аз самтҳои судманди робитаҳои дуҷониба маънидод гардид.Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва муносибатҳо дар чаҳорчӯби Созмони Конфронси Исломӣ низ гуфтугӯи судбахш сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






