МУЛОҚОТИ КАЙ ЭЙДЕ БО ХАБАРНИГОРОН
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Намояндаи махсуси Муншии умумии СММ дар масъалаҳои Афғонистон Кай Эйде баъди мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон изҳор намуд, ки ҳамроҳи сарвари давлат масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистонро бо Созмони Милали Муттаҳид дар бобати барқарор сохтани иқтисодиёти Афғонистон ва ба эътидол овардани вазъияти он мавриди баррасӣ қарор додааст. Вай зикр намуд, ки дар шароити имрӯза ҳамкории минтақавӣ хеле муҳим аст. Мамлакатҳои манфиатдор дар ҳалли масъалаи таҳкими сулҳ ва ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон нақши калон бозида метавонанд. Далелҳои Президенти Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки мамлакати Шумо тайёр аст, ба Афғонистон ҳар чӣ бештар кӯмак расонад. Ман боварӣ ҳосил кардам, ки Тоҷикистон дар масъалаи барқарор намудан ва обод сохтани Афғонистон нақши муҳим бозида метавонад, гуфт намояндаи махсуси СММ. Зимни сӯҳбат бо Президент барномаҳое муҳокима шуданд, ки ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои Афғонистон аҳамияти калон доранд. Сохтмони роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳан ва иншоотҳои гидроэнергетикӣ аз ҳамин қабиланд. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон дар бобати пешрафти соҳаи кишорварзӣ дар Афғонистон кӯмаки калон расонда метавонад. Ба ин васила проблемаҳои таъмини об ва ирригатсия дар ин мамлакат ҳал карда мешаванд. К.Эйде зикр намуд, ки Афғонистон имрӯз ба обу қувваи барқ ва мутахассисони варзида эҳтиёҷи калон дорад. Тоҷикистон ба ин мамлакати ҷангзада дар ҳалли ин масъалаҳои ҳаётан муҳим кӯмак расонда метавонад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки мусоҳибон зимни сӯҳбат ба вазъияти ҳарбию сиёсии Афғонистон низ дахл намуданд. К.Эйде таъкид кард, ки Афғонистон таҷрибаи истиқрори сулҳро аз Тоҷикистон омӯхта метавонад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






