МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНИ ҲАЙАТҲОИ ПАРЛУМОНИИ СААД ДАР МАСКАВ
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Ассамблеяи парлумонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо имрӯз дар Маскав мулоқот мекунанд. Ин мулоқоти нахустини онҳо дар масъалаи ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сиёсати берунии мақомоти қонунбарори давлатҳои аъзои СААД мебошад. Дар мулоқот масъалаҳои рӯзномаи Ассамблеяи парлумонии САҲА муҳокима карда мешавад, ки нимаи дуюми моҳи феврали соли равон дар Вена баргузор мегардад. Иштирокчиёни он вазъияти минтақаи Қафқози шимолӣ, ҷараёни иҷрои Созишномаи Қувваҳои муқаррарии мусаллаҳ дар Аврупо, проблемаҳои марбут ба хариду фурӯши газ ва ғайраро муҳокима хоҳанд кард.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






