МУЛОҚОТИ САФИРИ НАВИ ФАРОНСА БО ХАБАРНИГОРОН

Январь 28, 2009 17:02

                  Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Сафири нави фавқулодда ва мухтори Фаронса Анри Зиппер де Фабиани имрӯз баъди супоридани эътиборнома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сӯҳбаташ бо Сардори давлат бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ мулоқот кард. Вай зикр намуд, ки Президенти Тоҷикистон ӯро баъди ба Душанбе омаданаш хеле зуд ба ҳузур пазируфт. Ин нишон медиҳад, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса айни замон хеле хубанд ва муттасил густариш меёбанд, гуфт сафир.                  Ба қавли Анри Зиппер де Фабиани, маъмурияти мамлакаташ ба сифати муносибатҳои худ бо Тоҷикистон баҳои баланд медиҳад. «Тоҷикистон амалиёти низомиёни Фаронсаро дар қаламрави Афғонистон дастгирӣ менамояд. Мо дар бобати барқарор намудани сулҳу субот дар Афғонистон самарабахш ҳамкорӣ карда метавонем, гуфт сафир.                  Вай изҳор кард, ки ҳамчун намояндаи ваколатдори мамлакаташ дар Тоҷикистон ба ҷалби бештари сармояи соҳибкорони Фаронса ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла, ба иҷрои барномаҳои соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ ва истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.                 Сафир афзуд, ки Ҳукумати Фаронса айни ҳол ба сохтмони терминали нави мусофиркашонӣ дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе диққати калон медиҳад. Ин ба Тоҷикистон имкон хоҳад дод, ки ҳар чӣ зудтар аз бунбасти нақлиётӣ раҳоӣ ёбад. Барои сохтмони терминал 17 миллион евро ҷудо карда шуд, гуфт сафир.  

Январь 28, 2009 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар